Ҷаласаи сарони СПАД дар Ереван поён ёфт
Иҷлоси якрӯзаи сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Ереван, пойтахти Арманистон бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.
Ба гузориши ИРНА, ҷаласаи сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи ҷумъа ба раёсати Арманистон баргузор ва дар он раисҷумҳурҳои Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва нахуствазири Қазоқистон ширкат карданд. Кишварҳои узви СПАД дар баёнияи поёнии ин нишаст аз иқдомоти якҷонбаи Амрико дар истиқрори сомонаи зиддимӯшакӣ дар наздикии марзҳои кишварҳои узви ин паймон ва таъсири он ба суботу амнияти байналамилалӣ ибрози нигаронӣ карданд.
Дар иҷлоси сарони СПАД дар Ереван баёнияе низ дар бораи муноқишаи Қарабоғ содир ва дар он ба лузуми ҳаллу фасли мусолиматомези ин муноқиша аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид шуд. Дар ин иҷлос ҳамчунин 24 санад мавриди таъйиди сарони кишварҳои узви СПАД қарор гирифт, ки ин аснодро метавон ба стратегияи СПАД то соли 2050 ва эҷоди маркази вокуниш ҳангоми буҳрон рабт дод. Тартиб додани феҳрасти воҳиди террористҳо дар кишварҳои узви СПАД яке аз дигар асноди дар ин иҷлос тасвибшуда аст. Ин феҳраст шомили афроде аз шаҳрвандони кишварҳои СПАД аст, ки узви гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷабҳат-ун-нусра ҳастанд. Қаблан Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз шиносоӣ шудани 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои узв дар таркиби гурӯҳҳои террористии Сурия ва Ироқ хабар дода буд.
Белорусия риёсати давраии СПАД-ро дар соли оянда бар уҳда хоҳад дошт. Қароргоҳи СПАД дар Москва ҷойгир буда, Русия, Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон узви он ҳастанд.