Декабр 05, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 389 нафар расидааст
    Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 389 нафар расидааст

Бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шумори ҷонбохтагони корона дар ин кишвар низ то соати 19 рӯзи шанбе 5 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 87 нафари қаблӣ аст.

Аз 12 ҳазору 389 бемори гирифтори Ковид-19 дар Тоҷикистон токунун 11 ҳазору 796 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 38 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп