Декабр 06, 2020 22:16 Asia/Dushanbe
  • Ширкати барқи Тоҷикистон ваъда додааст, ки маҳдудияти барқро дар Тоҷикистон то ҳафтаи оянда хотима медиҳад
    Ширкати барқи Тоҷикистон ваъда додааст, ки маҳдудияти барқро дар Тоҷикистон то ҳафтаи оянда хотима медиҳад

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик ваъда дод, ки бо поёни тармими хутути интиқоли барқ то як ҳафтаи дигар маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон бекор карда мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Нозирҷон Ёдгорӣ гуфтааст, ки ба далели густариши вируси корона ва баста шудани марзҳо кори интиқоли таҷҳизоти мавриди ниёз барои бозсозии хутути интиқоли барқ тул кашид ва то як ҳафтаи дигар маҳдудияти барқ бекор хоҳад шуд.

Вай аз мардуми Тоҷикистон дархост кард, ки ба ҷои тавҳини масъулони ширкати Барқи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели маҳдудият, дар масрафи барқ  сарфакор  бошанд, зеро бо таҳқир мушкили камбуди барқ ҳал намешавад.

Вай таъкид кардааст:"Аксари таҷҳизоти шабакаи барқи Тоҷикистон, ки дар даврони шӯравӣ насб шуда кӯҳна ва фарсуда аст ва ниёз ба бозсозии асосӣ дорад. Агар мардуми Тоҷикистон сарфакории барқро дар дастури кор қарор надиҳанд мо ба истиқлоли энергетика нахоҳем расид. Мардум бояд шароити фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обиро дарк кунанд, ки мо дар фасли сармо бо мушкили камбуди об рӯ ба рӯ ҳастем."

То нимаи дуввуми моҳи октябр сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳрҳои бузург аз соати 8 субҳ то 17 барқ надоштанд, аммо акнун ин маҳдудият аз соати 22 шаб то субҳ низ такрор мешавад.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп