Омӯзиши монеаҳои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон
-
Тоҷикистон монеаҳои асосии фаъолияти бахши хусусиро таҳқиқ мекунад
Барномаи рушди Дафтари СММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ омӯзишро оид ба монеаҳои фаъолияти бахши хусусиро оғоз кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, ҳадаф аз ин иқдом шиносоӣ ва рафъи монеаҳои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон эълом шуда ва гуфта мешавад , ки натоиҷи таҳқиқот ҳангоми тадвини барномаи ҳимоят аз ин бахш дар солҳои 2021 то 2030 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар пурсиши номаи мунташиршуда аз фаъолони бахши хусусӣ ва иқтисоддонон хоста шуда то ба 23 савол дар мавриди монеаҳои фаъолияти бахши хусусӣ ва роҳи корҳои ҳалли ин мушкил посух гӯянд.
Бо ин ҳол Баҳриддин Каримов иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистони андози вазнин аст
Вай мегӯяд: «Бар асоси бароварди банки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои байналмилалии Pricewaterhouse Coopers , World Economic Forumу амсоли онҳо, маҷмӯи пардохтҳои молиётии бахши хусусӣ 70 дарсад аз даромади ононро ташкил мекунад, ки дар ҷаҳон яке аз вазнинтарин рақамҳои андоз аст.»
Каримов меафзояд: «Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии фазоии сармоягузорӣ дар яке аз ҷойгоҳҳои номатлӯб ва поёнӣ қарор гирифтааст, зеро бахшҳои муҳими иқтисодии ин кишвар аз ҷумлаи истихроҷи маодин, воридоти сӯхту маводи ғизоӣ дар инҳисори ширкатҳои давлатӣ мебошад, ки аз осониҳои андозӣ ва гумрукӣ бархӯрдоранд ва бори вазнини андоз бар дӯши бахши хусусӣ ниҳода шудааст.»
Теъдоди зиёде аз фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон сармояи худро ба Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто Афғонистони ҷангзада бурдаанд ба тавре, ки 178 ширкати тоҷикӣ дар Ӯзбакистон сабт шудааст.
Бештар бихонед: