Декабр 07, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Швейтсария ва Юнисеф ба Тоҷикистон 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ ирсол карданд
    Швейтсария ва Юнисеф ба Тоҷикистон 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ ирсол карданд

Давлати Швейтсария ва сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо корона ирсол карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бахши умдаи ин кумакҳои башардӯстона шомили 6 ҳазору 840 даст либоси муҳофизатӣ, 10 ҳазор ҷуфт дастпӯши беҳдоштӣ, 3 ҳазору 900 адад моски пизишкӣ, 200 ҷуфт чакмаи зидди об ва маҳлулҳои тамизкунанда аст.

Намояндагии Созмони Милал дар Душанбе ҳам дар баёнияе эълом кард, барои ошноии бештари мардуми Тоҷикистон бо хатари ин бемории ҳамагир, маводи таблиғотии бештаре мунташир ва тақсим хоҳад шуд.

Бинобар омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта бо шиносоии 39 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар ин кишвар теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 428 нафар расид.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп