Тамдиди думоҳаи боздошти муваққати Муҳаммадмурод Одинаев
(last modified Mon, 07 Dec 2020 17:09:49 GMT )
Декабр 07, 2020 22:09 Asia/Dushanbe
  • Бештари фаъолони Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ангезаи боздошти Одинаевро сиёсӣ медонанд
    Бештари фаъолони Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ангезаи боздошти Одинаевро сиёсӣ медонанд

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ҳукми боздошти муваққати Муҳаммадмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистонро ба муддати ду моҳ тамдид кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал  демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳангоми боздошти муовинаш 15 корманди интизомӣ ва амниятӣ ҳузур доштанд ва алайҳи вай ба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ аз тариқи таҳдиди кормандони қисми ҳарбии ноҳияи Ҳисор парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон ин иттиҳом метавонад ҳукми ҷаримаи молӣ ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ ва ё 5 соли зиндонро дар пай дошта бошад.

Бештари масъулон ва фаъолони Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ангезаи боздошти Одинаевро сиёсӣ ме‌донанд.

Дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳаммадмурод Одинанв таъкид шудааст: “Вай бо эътироз ба фиристодани яке аз фарзандонаш ба хидмати низомӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хондаву бо кормандони қисми ҳарбии ноҳияи Ҳисор даргир шудаву бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст”.  

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, муовини Ҳизби сотсиал - демократи ин кишвар акнун барои бозҷӯӣ ба додситонии ноҳияи Ҳисор мунтақил шудааст.

Муҳаммадмурод Одинаев, ки аз беш аз се ҳафта пеш нопадид шуда буд, рӯзи ҷумъа бо пойи осебдида пайдо шуд.

 

Бештар бихонед: