“Боғи шафтолу” дар Тоҷикистон ҳам ба самар нишаст
(last modified Wed, 09 Dec 2020 14:47:57 GMT )
Декабр 09, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Духтари нависанда тасвиргарии ин китоби достониро бар уҳда доштааст
    Духтари нависанда тасвиргарии ин китоби достониро бар уҳда доштааст

Маҷмӯаи достонии “Боғи шафтолу”, асари Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиби тоҷик, ки порсол дар Теҳрон ба чоп расид, дар интишороти “Адиб” –и шаҳри Душанбе бо шуморагони 500 нусха ва дар 164 сафҳа мунташир шуд.

Ба гузориши Муассисаи фарҳангии ЭКО, ин маҷмӯаи достонӣ шомили қиссаҳои “Боғи шафтолу”, “Парасту”, “Алмос”, “Шоҳдухтар”, “Парчами сафед”, “Оштӣ”, “Хӯшаҳои тило”, “Сӯзи захмҳои шукуфта, “Хоҷаи Хизр”, “Ҳавлии бобо” ва “Осорхона аст.

Фархунда, духтари нависанда тасвиргарӣ ва наққошии ин китоби достониро бар уҳда доштааст.

Хонандагон бо достонҳои ин адиб аз тариқи маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Паёми Суғд”, нашрияи в”Ваҳдат” ва шабакаи Фейсбук ошно ҳастанд ва чанд достон аз ӯ низ дар маҷаллаи “Ҷома” дар Эрон мунташир шудааст.

 

Муаррифии дигар осори Шоҳмансури Шоҳмирзо

Пеш аз ин аз Шоҳмансури Шоҳмирзо, китобҳои “Сурмаи дил”, “Ҳазор қандил”, “Модарнома” ва “Давлати безавол” ба чоп расидааст.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО аст ва дар амри муаррифии адабиёти тоҷик дар Эрон ба унвони кишвари мизбони ин созмон фаъолиятҳои чашмгире анҷом додааст.

  • Шоҳмирзо дар таҳия ва нашри китобҳое монанди “Насиме аз Бухоро” (тарҷумаи ашъори устод Рӯдакӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва хати крилӣ), Девони Рӯдакӣ (тасҳеҳу пажӯҳиши Қодири Рустам), як байти парниён (маҷмӯаи мақолоти донишмандони тоҷик дар бораи аҳволу осори Рӯдакӣ), “Бозгашти Хоҷа Насриддин”, навиштаи Темур Зулфиқоров, “Рӯзгору осори Камоли Хуҷандӣ”, асари доктор Бадруддин Мақсудзода ва бисёре осори фарҳангии арзишманди дигар нақши басазое доштааст.

 

Ҳамчунин аз ин нависандаи тоҷик маҷмӯаи ғазалиёте бо унвони “Мехостам паранда шавам” соли гузашта дар Теҳрон ба чоп расид.

 

 Бештар бихонед: