Боғи гиёҳшиносии Тоҷикистон 90 сола шуд
(last modified Sat, 14 Oct 2023 06:31:15 GMT )
Октябр 14, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Боғи гиёҳшиносии Тоҷикистон 90 сола шуд

Боғи гиёҳшиносии пойтахти Тоҷикистон 12 октябри 1933 ифтитоҳ шудааст. Ин парки 90 сола яке аз зеботарину пурбоздидтарин маконҳои Тоҷикистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Боғи гиёҳшиносӣ дар наздикии Академияи улӯми Тоҷикистон дар соли 1933 тавассути профессор Борис Федченко, ки дар он солҳо раёсати бахши гиёҳшиносии пойгоҳи Академияи улӯми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, таъсис шуд.
Дар ибтидо 34 гектар замин ба ин парк ихтисос дода шуд, ки имрӯз масоҳати он ба 40 гектар расидааст.
Қаламрави Боғи гиёҳшиносӣ ба 4 бахши шимолӣ, ҷанубӣ, ғарбӣ ва шарқӣ тақсим мешавад. Бинобарин имрӯза дар инҷо тақрибан аз ҳар гӯша ҷаҳон метавонед гиёҳоне пайдо кунед.
Имсол ба муносибати солгарди сохти Боғи гиёҳшиносӣ масирҳои пиёдаравии он мараммат ва шиорҳои ҷадид зада шуд ва банерҳои наве низ сохта шуд .
2700 гӯнаи гиёҳӣ дар боғ вуҷуд дорад.
Вазифаи аслии Боғи гиёҳшиносӣ мутолиа ва ҷамъоварии гиёҳон аз саросари ҷаҳон ва истифодаи онҳо барои зебосозии шаҳр аст.