Дастмуздҳои ақибафтода дар Тоҷикистон боз ҳам афзоиш ёфт
Маошу дастмуздҳои батаъхирафтода дар Тоҷикистон дар 11 моҳи гузашта ба беш аз 74 миллион сомонӣ расидаву 41 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (наздик ба 3 миллиону 600 ҳазор доллар) афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории Авесто, Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки бахши умдаи ин дастмуздҳои ақибафтода марбут ба коргарони бахши маъдану сохтмон аст, ки ба беш аз як миллиону 300 ҳазор доллар мерасад.
Ҳамчунин дар бахшҳои саноеи табдилӣ, кишоварзӣ, муҳитбонӣ ва коргарони бахши моҳипарварӣ мизони маошҳои ба таъхирафтода беш аз 8 миллион сомонӣ аст.
Аз сӯи дигар, тибқи эъломи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, аз ибтидои имсол то кунун кормандони бонкҳову ниҳодҳои молӣ бо 3 ҳазору 397 сомонӣ (муодили 374 доллар) болотарин маоши моҳонаро дарёфт кардаанд, аммо кишоварзон, муҳитбонон ва моҳипарварон бо моҳона 523 сомонӣ (наздик ба 53 доллар) пойинтарин дастмузд дар Тоҷикистонро дарёфт мекунанд.
- Миёнгини маоши моҳонаи коргарони бахши маъдан 2 ҳазору 700 сомонӣ, сохтмон 2 ҳазору 200 сомонӣ ва энерживу об ҳазору 900 сомонӣ аст.
Бар асоси ин гузориш, маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон ҳазору 494 сомонӣ (145 доллар) эълом шудааст.
Ин дар ҳолест, ки миёнгини маоши моҳона дар Русия 730 доллар, Қазоқистон 600 доллар, Беларус 518 ва Қирғизистон 239 доллар аст.
Бештар бихонед:
- Қарзи 60 миллион сомонии давлати Тоҷикистон бобати маошу дастмузд
- Ҳазфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз дарёфткунандагон нафақа дар Русия