Декабр 09, 2020 22:15 Asia/Dushanbe
  • Имсол танҳо 7 мавриди даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сабт шудааст
    Имсол танҳо 7 мавриди даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сабт шудааст

Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи ҳамкорӣ барои соли 2021 - ро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар ин дидор, ки дар минтақаи марзии вилоятҳои Суғду Ботканд баргузор шуд, аз ҳамкории ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2020 натиҷагирӣ ва тарҳи ҳамоҳангӣ барои соли 2021 тасвиб шуд.

Арзёбии фаъолияти муштараки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон дод, ки дар шаш соли ахир даргириҳову ихтилофоти сокинони манотиқи марзӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ҳоле ки дар соли 2014 миёни сокинони манотиқи марзи муштараки ду кишвар 32 мавриди даргирӣ сабт шуда, дар соли 2020 ин рақам ба танҳо 7 маврид коҳиш ёфтааст.

  • Дар беш аз ду даҳа музокирот, мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғду Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ дар ин замина аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп