Нерӯгоҳи Сангтӯда -1 аз пардохти ҷаримаи молиётӣ озод шуд
Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 1 - ро аз пардохти ҷаримаи молиётӣ барои соли 2021 озод кард.
Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, далели ин муофият, қарзи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба ин нерӯгоҳ аст, ки акнун ба 156 миллион доллар расидааст.
Нотавонии ширкати Барқи Тоҷик дар пардохти ҳазинаи барқи харидоришуда аз нерӯгоҳи Сангтӯда -1 қарзи ин нерӯгоҳро ба 11 миллион доллар расонидааст.
Ин нерӯгоҳ дар шаш моҳи нахусти имсол як миллиарду 90 миллион киловатт соат барқ тавлид кард, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 наздик ба 160 миллион киловатт соат коҳиш ёфтааст.
Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 далели ин коҳиши тавлиди барқро мушкилоти молии ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кардааст, ки қодир нест ҳазинаи барқи харидоришуда аз ин нерӯгоҳро бипардозад.
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 тарҳи муштараки Русияву Тоҷикистон аст, ки дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид.
Ин нерӯгоҳ 12 дарсад аз барқи нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистонро тавлид мекунад ва Русия молики 75 дарсад аз саҳҳоми он аст.
Бештар бихонед:
- Қарзи Барқи Тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтӯда -1 ҳамчунон меафзояд
- Афзоиши қарзи ширкати Барқи Тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтӯда -1
- Як миллиард сомонӣ қарзи ширкатҳои Барқи Тоҷик ва нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1