Даромади коргарони муҳоҷир бештар аз сармоягузории иқтисодии бонкҳои Тоҷикистон
(last modified Sun, 13 Dec 2020 11:47:03 GMT )
Декабр 13, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз кишварҳои вобаста ба даромади коргарони муҳоҷир аст
    Тоҷикистон аз кишварҳои вобаста ба даромади коргарони муҳоҷир аст

Даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷи ин кишвар ва бавижа аз Русия дар нимаи нахусти имсол бештар аз сармоягузории бонкҳои Тоҷикистон дар иқтисоди ин кишвар дар 9 моҳаи нахусти имсол будааст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаш моҳи нахусти имсол аз Русия ба кишварашон 999 миллиондоллар ирсол кардаанд, аммо сармоягузории бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодии ин кишвар ба шакли қарз дар ин 9 моҳа ба 920 миллиондоллар расидааст.

Аз сӯи дигар мизон даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар нимаи нахусти имсол ба далели густариши вируси корона дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 174 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки имсол даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба далели густариши корона то 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ин шохис дар соли 2019 наздик ба 2 миллиарду 700 миллиондоллар буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: