Барои ба итмом расонидани нерӯгоҳи Роғун боз чӣ қадар сармоя лозим аст?
(last modified Mon, 14 Dec 2020 08:05:22 GMT )
Декабр 14, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст, нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон то соли 2023 ба итмом расад
    Қарор аст, нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон то соли 2023 ба итмом расад

Коршиноси энергетикии Тоҷикистон тахмин мезанад, ки ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба 4 миллиард доллар ниёз дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Сентразия centrasia, Камолиддин Сироҷиддинов бо интишори таҳлиле ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки дар соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун бо камбуди манобеи молӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сироҷиддинов мегӯяд: « Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 қасд дорад, ки аз ду банки Шветсария ва Олмон 340 миллион евро қарз гирад, аммо ин маблағ ба корхонаҳои тавлидкунандаи таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти нерӯгоҳи Роғун дар хориҷ аз Тоҷикистон пардохт хоҳад шуд .»

Талоши Тоҷикистон барои ҷазби воми 340 миллион евро ба мақсади идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун

 

 Сироҷиддинов мефармояд: «Яке аз роҳҳои дигари ҷазби сармоя барои идомаи сохти Роғун афзоиши зарфияти тавлиди барқ дар ду  турбини нахусти нерӯгоҳи Роғун ва фурӯши он ба хориҷ ба қимати 3 сент дар баробари ҳар киловатт соат аст, ки ба ин манзур зарурат дорад иртифоъи сади 335 метрии ин нерӯгоҳ ҳаддиақал ба 135 метр расонда шавад то заминаи тавлиди барқ дар ду  турбини нахусти он аз 200 мегаватти феълӣ ба 400 мегаватт афзоиши ёбад.»

Нерӯгоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақаи Осиёи марказӣ аст.

Гуфта мешавад, ки сохти нерӯгоҳи Роғун дар соли 2033 ба поён мерасад.

 

Бештар бихонед: