Декабр 15, 2020 21:47 Asia/Dushanbe
  • Зулфиқор Одинаев пас аз ширкат дар нишасти матбуотии Раҳматуллоҳ Зоиров боздошт шуд
    Зулфиқор Одинаев пас аз ширкат дар нишасти матбуотии Раҳматуллоҳ Зоиров боздошт шуд

Бастагони Зулфиқор Одинаев эълом карданд, ки мунши (дастёр) -и Муҳаммадмурод Одинаев (муовини раиси Ҳизби сотсиал демократ) низ дастгир шудааст.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, наздикони Зулфиқор Одинаев гуфтаанд, ки 10 рӯз аст вай дар боздошт ба сар мебарад ва то ба ҳол иттиҳоми ӯ эълом нашудааст.

Зулфиқор Одинаев пас аз ширкат дар нишасти матбуотии Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар рӯзи 4 декабр, ки ба моҷарои нопадид шудани Муҳаммадмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ ихтисос дошт, ба дасти кормандони полис таъқиб ва боздошт шудааст.

Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки боздошти Одинаев бо радёбии телефони ҳамроҳи вай имконпазир шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Зулфиқор Одинаев низ монанди Муҳаммадмурод Одинаев вакили мудофеи ҳуқуқӣ надорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп