Декабр 17, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор бозии тадорукотии Эрон дар Тоҷикистон
    Чаҳор бозии тадорукотии Эрон дар Тоҷикистон

Роҳбари кумитаи ҷавонони федератсияи футбол аз баргузории чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ барои тимҳои ҷавонон ва навҷавонон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз варзиши 3, раҳбари комитети ҷавонони федератсияи футболи Эрон Миршоди Моҷдӣ бо баёни  ин мавзӯъ изҳор дошт: Хушбахтона барномаи сафари тимҳои миллии навҷавонону ҷавонон ба Тоҷикистон қатъӣ шуд ва дар як урдуи муштараки бисёр муфид чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ дар пеш хоҳем дошт.

Вай изофаи кард: Тибқи барнома тимҳои миллии ҷавонону навҷавонони Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.

Тими миллии навҷавонон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар шаҳри Душанбе ба масофи тими миллии навҷавонони Тоҷикистон мераваду тими миллии ҷавонон рӯзҳои чаҳорум ва ҳафтуми январ баробари тими миллии ҷавонони ин кишвар қарор мегирад.

Моҷдӣ ҳамчунин унвон кард: маҳдудиятҳои ношӣ аз шуюъи корона мушкилот ва мавонеъи зиёде барои омодасозии тимҳо эҷод карда, аммо федератсияи футболи Эрон бо вуҷуди тамомии мушкилот аз ин ду тим ҳимоят мекунаду урдуҳо ҳамчунин мусобиқоти мавриди назарро тибқи барнома дунбол мекунем. Кори фаннии ҳар ду тим талоши зиёде доштанд. 

Бештар бихонед:

Барчасп