Декабр 19, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи шанбе 19 декабри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи шанбе 19 декабри 2020 эълом шуд

Бо шиносоии 36 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 888 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумори ҷон бохтагони Ковид-19 дар кишвар низ то соати 10 субҳи рӯзи шанбе (19 декабри 2020) бидуни афзоиш ҳамон 89 нафар қабл аст.

Аз 12 ҳазору 888 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунӯн 12 ҳазору 333 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 38 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп