Вохӯриҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 21 Dec 2020 06:45:01 GMT )
Декабр 21, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Душанбе бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор мекунад
    Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Душанбе бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор мекунад

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба манзури ҷалби ҳамкориҳо ва иҷмоъи миллӣ барои сулҳ субҳи имрӯз 21 декабр вориди пойтахти Тоҷикистон Душанбе шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, Фаридун Хузун, сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт: Абдуллоҳи Абдуллоҳ қарор аст дар ин сафар бо бархе аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода, вазири умури хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин ва раисони маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон  Муҳаммадтоҳир Зокирзода ва Рустами Эмомалӣ дидор кунад.

Дар ин вохӯриҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энержӣ, амниятӣ, ҳузури атбоъи тоҷик дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва ҳимояти Душанбе аз мавзеи давлати Кобул дар раванди барқарории сулҳ дар ин кишвар баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ пеш аз ин ба манзури ройзанӣ бо кишварҳои минтақа дар бораи сулҳи Афғонистон ба кишварҳои Эрон, Покистон, Туркия ва Ҳинд сафар карда буд.

Мақомоти Душанбе умедворанд, ки сафари Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба Тоҷикистон заминаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳами созад.

Қарор аст даври дувуми музокироти сулҳи байни афғонӣ аз 5 январи 2021 аз сар гирифта шавад.

 

Бештар бихонед: