Афсари марзбонии Тоҷикистон қочоқчии маводи мухаддир буд
-
Ин афсари марзбонӣ 146 килограмм маводи мухаддир ба ҳамроҳ дошт
Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як афсари 25 солаи нерӯи марзбонии ин кишвар вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба иттиҳоми ҳамли 146 килограмм маводи мухаддир хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ин афсари марзбонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қасд дошт 146 килограмм маводи мухаддири воридшуда аз Афғонистонро ба шаҳри Душанбе мунтақил кунад.
Гуфта мешавад, ки вай ин миқдор маводи мухаддирро дар маҳалли хидмати худ дар постгоҳи марзии ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон аз қочоқчиёни маводи мухаддири афғон харидааст ва кормандони идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин маводро дар масири интиқол ба шаҳри Душанбе дар ноҳияи Данғара аз мошини ӯ кашф ва ин афсари марзбониро боздошт карданд.
Бештар бихонед: