Номгузории Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол
-
Давлатманд Хол, овозхони шодравони маъруфи тоҷик
Бо қарори намояндагони мардумии Маҷлиси вилояти Хатлон, Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
Ба гузориши “Спутник”, ахиран намояндагони мардумии Маҷлиси вилояти Хатлон, дар иҷлосияи навбатӣ, ки таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон баргузор шуд, қарори маҷлиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бораи номгузорӣ намудани Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холро баррасӣ карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ҳама вакилон дар ин ҷаласа якдилона овоз доданд ва Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд.
Манбаъ афзуд, ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Давлатманд Хол дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, давоми умри бобаракат оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳунарманди маҳбуби Тоҷикистон Давлатманд Хол рӯзи 18-уми феврали соли 2024, дар синни 74 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.