Кумаки 30 миллиондолларии Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон
Нахуствазири Русия аз ихтисоси маблағи 30 миллион доллар барои сохт ва таҷҳизи 5 мактаби русизабон дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши “Спутник”, Михаил Мишустин бо эъломи ин матлаб аз Вазорати умури хориҷаи кишвараш хост, ки Ҳукумати Тоҷикистонро аз ин тасмим огоҳ созад.
Маблағи сохту таҷҳизи ин теъдод мактаб дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро Сандуқи молии рушд ва суботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъмин мекунад.
Малиси Думаи давлатии Русия тафоҳумномаи сохти 5 мактаби русизабон дар Тоҷикистонро соли 2019 тасвиб кард ва маблағи 30 миллион доллар барои иҷрои ин тарҳҳо ихтисос дод.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар соли 2019 тафоҳумномаи сохти 5 мактаб русизабонро дар ин кишвар тасвиб кард.
3 миллион доллар аз ин маблағ имсол ва 27 миллион доллари боқимонда дар соли 2021 таъмин хоҳад шуд.
Ҳар кадом аз ин мактабҳо зарфияти 1 ҳазору 200 донишомӯзро дорад.
Бештар бихонед:
- Тасвиби тарҳи сохти 5 мактаб барои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон
- Сохти мактаби русизабон дар Бохтар
- Ифтитоҳи мактаби сохти Ӯзбакистон дар вилояти Суғд