Декабр 23, 2020 21:32 Asia/Dushanbe
  • Тими Эрон 70 дақиқа 10 нафара муқобили ҳарифи тоҷикистониаш бозӣ кард
    Тими Эрон 70 дақиқа 10 нафара муқобили ҳарифи тоҷикистониаш бозӣ кард

Сафедпӯшони тими миллии футболи навҷавонони Эрон муваффақ шуданд бо натиҷаи пургол ҳарифи тоҷикистонии худро дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе шикаст диҳанд.

Тими миллии навҷавонони Эрон аз соати 12:45 дақиқаи рӯзи чаҳоршанбе ба вақти Теҳрон ва 14 ба вақти Душанбе дар дидоре тадорукотӣ ба мизбонии варзишгоҳи аслии Душанбе ба масофи Тоҷикистон рафт ва дар ниҳоят тими мизбонро бо натиҷаи 4 бар як шикаст дод.

Дар ин бозӣ Муҳаммадсодиқ Солеҳӣ, дарвозабони тими Эрон дар дақиқаи 23 бо дарёфти корти сурх аз замин ихроҷ шуд ва ин тим 70 дақиқа 10 нафара муқобили ҳарифи тоҷикистониаш бозӣ кард.

Амир Иброҳимзода, Алиакбари Ранҷбар, Муҳаммадризо Кушкӣ ва Ёдгор Рустамӣ барои Эрон ва Кабир Салимшоев барои тими Тоҷикистон дар ин мусобиқа голзанӣ карданд.

 Эрон 4 – Тоҷикистон 1

 

Сармураббии тими миллии навҷавонони Тоҷикистон пас аз шикасти 4 бар яки тимаш муқобили Эрон изҳор дошт: Бозикунони Эрон дар ин мусобиқа бо тароват буданд ва мудом дар ҳамла ширкат мекарданд, вале мо дар дифоъ афроди камтаре доштем ва ин иттифоқ сабаб шуд тими Эрон аз иштибоҳоти мо истифода кунад ва голҳои бештаре ба самар бирасонад.

Аҳлиддин Турдиев афзуд: Тими Эрон тими бокайфияту хубе аст ва шанси зиёде барои муваффақият дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ва роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳонӣ дорад.

Рӯзи панҷшанбе низ тими миллии ҷавонони Эрон дар ҳамин соат ва дар ҳамин варзишгоҳ ба масофи ҷавонони Тоҷикистон меравад.

 Эрон 4 – Тоҷикистон 1
 Эрон 4 – Тоҷикистон 1

 


 

Барчасп