Декабр 24, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • Абдусалом Одиназода, кимиёдони тоҷик шаҳрванди Австралия ба ифротгарӣ муттаҳам шудааст
    Абдусалом Одиназода, кимиёдони тоҷик шаҳрванди Австралия ба ифротгарӣ муттаҳам шудааст

Пулиси Австралия Абдусалом Одиназода, устоди риштаи химияи донишгоҳи шаҳри Перт дар ғарби ин кишварро ба иттиҳоми таблиғи афкори террористӣ боздошт кардааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин мақомот гуфтаанд, ки далели боздошти ин донишманди 52 солаи тоҷик, ки тобеияти Австралияро дорад, интишори матолиби дорои муҳтавои ифротӣ ва террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2018 алайҳи Одназода ба иттиҳоми даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет", парвандаи ҷиноӣ ташкил кардаанд.

Вай, ки аз соли 2003 дар Австралия зиндагӣ ва тадрис мекунад дар соли 2015 бо бозгашт ба Тоҷикистон дар Донишгоҳи Давлатии миллии ин кишвар ба фаъолият пардохт, аммо дар соли 2016 аз ихроҷи хеш аз Тоҷикистон хабар дод ва иллати ин иқдомро мушкилоти асноди ҳуқуқӣ эълом кард.

Абдусалом Одиназода дар солҳои ахир бо радди иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон дар бораи даст доштанаш дар таблиғи ифротигарӣ ҳадаф аз интишори матолиб дар интернетро даъвати мусулмонон ба иттиҳод эълом кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп