Декабр 24, 2020 14:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳусайни Абдӣ, сармураббии тими миллии футболи навҷавонони Эрон аз бозии тими Тоҷикистон тамҷид кард
    Ҳусайни Абдӣ, сармураббии тими миллии футболи навҷавонони Эрон аз бозии тими Тоҷикистон тамҷид кард

Сармураббии тими миллии футболи навҷавонони Эрон гуфт, умедвор аст ҳар ду тими Эронува Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ сууд кунанд.

Ба гузориши сайти расмии Федерасиюни футболи Эрон, Ҳусайни Абдӣ дар бораи шароити урдӯи тими миллии футболи навҷавонони Эрон дар Тоҷикистон гуфт: «хушҳолем, ки ба кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон омадем ва ин урдӯро дар инҷо баргузор мекунем. Мизбонии бисёр шоистае аз мо анҷом шуда ва шароити урдӯ бисёр матлӯб аст.»

Абдӣ гуфт: «футболи Тоҷикистон пешрафти хубӣ дошта ва ин тим барои тамомии ҳарифони худаш рақиби қудратманде хоҳад буд. Ба эътиқоди ман Тоҷикистон, яке аз тимҳои муддаӣ дар мусобиқот ниҳоӣ аст ва қатъан аз гурӯҳи худаш сууд(боло-) меравад.»

Сармураббии тими миллии футболи навҷавонони Эрон тими футболи Тоҷикистонро тими фавқулъода хонд ва ибрози умедворӣ кард, дар ниҳоят ҳарду тими футболи навҷавонони Эрону Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ сууд кунанд.

Тими миллии футболи навҷавонони Эрон рӯзи чаҳоршанбе 23 декабр дар як бозии тадорукотӣ дар Душанбе, ҳарифи тоҷикистонии худро бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст дод.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп