Декабр 25, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Дар 10 рӯзи ахир ҳеч кас дар Тоҷикистон бар асари корона ҷони худро аз даст надодааст
    Дар 10 рӯзи ахир ҳеч кас дар Тоҷикистон бар асари корона ҷони худро аз даст надодааст

Дар Тоҷикистон аз 16 декабр то соати 19 шомгоҳи рӯзи ҷумъаи 25 декабр ҳеч марге аз Ковид -19 сабт нашудааст ва ва теъдоди ҷонбохтагон ба 89 тан собит мондааст.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ин ҳол бо шиносоии 32 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон дар рӯзи ҷумъа ба 13 ҳазору 138 нафар расид.

Аз 13 ҳазору 138 бемори гирифтори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 618 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 40 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп