Маҳдудияти барқ пас аз 10 сол ба Бадахшон ҳам расид
(last modified Fri, 25 Dec 2020 16:54:51 GMT )
Декабр 25, 2020 21:54 Asia/Dushanbe
  • Дар 5 ноҳияи вилояти Бадахшон маҳдудияти барқ оғоз шудааст
    Дар 5 ноҳияи вилояти Бадахшон маҳдудияти барқ оғоз шудааст

Дар ҳоле ки маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 декабр бекор шудааст, иҷрои ин тарҳ ба тозагӣ дар вилояти кӯҳистони Бадахшон оғоз шудааст.

Ба гузориши сомонаи Прессаи Тоҷикистон, ин дар ҳолест, ки вилояти Бадахшон дар 10 соли маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, танҳо минтақае буд, ки шомили ин маҳдудият намешуд.

Бо ин ҳол акнун дар 5 ноҳияи вилояти Бадахшон маҳдудияти барқ оғоз шудааст ва масъулони ширкати барқи минтақа сабаби ин маҳдудиятро ҳарорати 35 дараҷа зери сифр ва коҳиши об дар садди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ном мебаранд.

Масъули Идораи тақсими барқи Бадахшон мегӯяд: "Мизони оби қобили бардошт барои тавлиди барқ дар ҳар шабонарӯз аз махзани Яшилкӯл байни 150 то 160 миллион метри мукааб аст, аммо дар ин махзан акнун ҳарорати ҳаво 35 дараҷа зери сифр аст, ки муҷиби яхбандону коҳиши оби бардоштӣ мешавад".

Шоҳфозил Шоҳназаров афзуд: Бар ин асос мо маҷбур ҳастем, ки дар ҳар шабонарӯз ба бахши хонагии вилояти Бадахшон 14 то 17 соат барқрасонӣ кунем.

Ба гуфтаи вай кам шудани об имкони фаъолияти турбинҳои нерӯгоҳҳои барқи обиро то 80 дарсад фароҳам месозад, ки ин мавзуъ роҳе ба ғайр аз маҳдудияти барқ намегузорад.

 

Бештар бихонед: