Қонеъ нашудани намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон аз посухҳои як мақоми давлатӣ
Мудири Агентии давлатии назорат бар бахши маориф ва илми Тоҷикистон натавонист ба пурсишҳои вакилони Маҷлиси қонунгузорӣ посухҳои равшане бидиҳад ва интиқоди шадиди намояндагонро барангехт.
Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Шоҳин Саидзода ҳангоми ироаи тарҳи 3 қонун ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон натавонист ба пурсишҳои онон дар бораи барномаи мактабҳои ибтидоӣ ва мутобиқати онҳо бо кайфияти омӯзиш, посухҳои равшане бидиҳад.
Абдуҳалим Ғаффорзода ва Саидҷаъфар Усмонзода, ду намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мудири Агентии давлатии назорат бар бахши маориф ва илмро ба омода набудан барои суханронӣ ва додани посухҳои норавшан ба пурсишҳои намояндагон муттаҳам кардаанд.
Аммо Шоҳин Саидзода дар посух ба ин интиқодот гуфтааст, ки ҳолаш хуб набудаву натавонистааст ба пурсишҳои намояндагон посухҳои қонеъкунанда бидиҳад.
Шоҳин Саидзодаро бештар бишносем
Шоҳин Саидзода, мудири Агентии давлатии назорат бар бахши маориф ва илми Тоҷикистон фарзанди Нуриддини Саид, вазири қаблии маориф ва илм ва раиси феълии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон аст, ки аз соли 2010 дар симати мудири Агентии давлатии назорат бар бахши маориф ва илми Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ин мақоми тоҷик дар соли 2018 аз сӯйи пойгоҳи мавсум ба «Диссернет» ба дуздии асари илмӣ (плагиат) дар навиштани рисолаи докторӣ муттаҳам ва дараҷаи илмии ӯ низ бекор шуд.
Шоҳин Саидзода бо пазириши ин иттиҳом эълом карда буд, ки рисолаи доктории наверо бо мавзӯи «Сахттар шудани муҷозоти қонуни ҷиноятии Тоҷикистон барои қочоқ» дифоъ хоҳад кард.
Бештар бихонед:
- Фармони нави Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи либоси занҳои омӯзгор
- Дифои намояндагони маҷлиси Тоҷикистон аз маҳдуд кардани пахши барномаҳои телевизионии номуносиб барои кӯдакон