Коҳиши 6 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия
(last modified Fri, 25 Dec 2020 17:35:37 GMT )
Декабр 25, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • Муомилоти тиҷории Русия бо Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта ба беш аз 800 миллион доллар расидааст
    Муомилоти тиҷории Русия бо Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта ба беш аз 800 миллион доллар расидааст

Сафири Русия дар Душанбе эълом кард, ки бо вуҷуди густариши вируси корона мизони муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта ба беш аз 800 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Игор Лякин Фролов гуфтааст, ки бар асоси омори тарафи Русия ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 6 дарсадӣ нишон медиҳад, ки далели он ҳам густариши Ковид - 19 аст.

Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, Русия ба Тоҷикистон сӯхт, маводи ғизоӣ, чӯбу тахта, масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳҳои саноатӣ содир ва аз Тоҷикистон мева, сабзиҷот ва меваи хушк ворид мекунад.

Бар асоси тасмими Вазорати энергетикаи Русия, дар соли 2021 низ Маскав мутааҳҳид шудааст, ки 260 ҳазор тон бензин, 310 ҳазор тон сӯхти дизелӣ, 40 ҳазор тон сӯхти ҳавопаймо, 40 ҳазор тон мум ва 100 ҳазор тон нафти кӯра бидуни дарёфт боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон содир кунад.

 

Бештар бихонед: