Тоҷикистониҳо беш аз дигарон Русияро дӯст доранд
Як назарсанҷӣ дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) ва бархе кишварҳои наздик ба Русия нишон додааст, ки тоҷикистониҳо бештар аз дигар мардумони ин кишварҳо ба Русия алоқа доранд.
Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, созмони иртибототи хориҷии Русия эълом кард, аз миёни кишварҳои наздик ба Русия, Сербия ва дар миёни кишварҳои ИДМ Арманистон дувумин кишварҳое ҳастанд, ки мардумони онҳо ба Русия алоқаманданд.
Ҳамчунин тибқи ин назарсанҷӣ мардуми Қазоқистон, Қирғизистон, Сурия, Молдова, Украина, Булғористон ва Чин ба Русия ибрози алоқа кардаанд.
Ҳузури зиёди коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия, набуди муқаррароти раводиди сафар миёни ду кишвар, ирсоли сӯхт бидуни аворизи гумрукӣ ба Тоҷикистон, сохти 5 мактаби русизабон дар ин кишвар ва ирсоли 50 ҳазор бастаи ташхиси вируси корона ба Душанбе аз авомиле аст, ки бар алоқаи тоҷикон ба Русия асаргузор будааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Коҳиши 6 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия
- Тахфифи 50 дарсадии Русия барои воридоти мева ва сабзавот аз Тоҷикистон
- Кумаки 30 миллиондолларии Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон