Сабти як мавриди фавтии дигар бар асари корона дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Dec 2020 16:27:38 GMT )
Декабр 26, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи шанбеи 26 декабри соли 2020 эълон шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи шанбеи 26 декабри соли 2020 эълон шуд

Як мавриди дигари фавтӣ бар асари гирифтор шудан ба вируси корона дар Тоҷикистон сабт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ишносоии 34 бемори ҷадиди Ковид-19 дар кишвар, шумори ин беморон дар рӯзи шанбе 26 декабр соли 2020 ба 13 ҳазору 172 нафар расид.

Шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон низ бо як мавриди афзоиш акнкн 90 нафар эълом шудааст.

Аз 13 ҳазору 172 бемори гирифтори Ковид-19 дар Тоҷикистон токунун 12 ҳазору 657 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 39 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Бештар бихонед: 

Барчасп