Сармураббии Тоҷикистон: Ду бозии хуб бо тими қудратманди Эрон анҷом додем
(last modified Sat, 26 Dec 2020 18:38:55 GMT )
Декабр 26, 2020 23:38 Asia/Dushanbe
  • Сармураббии Тоҷикистон: Ду бозии хуб бо тими қудратманди Эрон анҷом додем
    Сармураббии Тоҷикистон: Ду бозии хуб бо тими қудратманди Эрон анҷом додем

Сармураббии тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон гуфт ду бозӣ баробари тими қудратманди Эрон таҷрибаи бисёр хубе барои тимаш буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои федератсия футболи Эрон, Аҳлиддин Турдиев пас аз шикасти як бар сифри тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон муқобили Эрон дар дуввумин бозии дӯстонаи ду тим гуфт: "Ин ду бозӣ барои мо аҳамияти зиёде дошт. Муддати зиёде буд,ки ба далели шароити коронавирус мусобиқаи байналмилалӣ надоштем, вале дар ин фурсат ду бозӣ баробари тими қудратманди Эрон анҷом додем,ки таҷрибаи бисёр хубе буд."

Турдиев афзуд: "Тими Эрон бисёр хуб ва бо кайфият буд. Албатта талош кардем амалкарди беҳтар аз бозии аввал дошта бошем ва аз намоиши шогирдонам ризоят дорам.""

Вай афзуд: Рӯзи гузашта хабари лағви хабари мусобиқоти ҷоми ҷаҳониро шунидам ва вазъияти мусобиқоти осиёӣ ҳам машаххас нест. Умидворем ин бозиҳо баргузор шавад, чун талоши зиёде кардаем ва барои ҳузур дар мусобиқот омода шудаем."

Тимҳои милли навҷавонон ва ҷавонони Эрон барои баргузории якчанд дидори дӯстона  ва тадорукоти дар Тоҷикистон ҳузур доранд. 

Бештар бихонед: