Чаро Фаластин ба табуе дар футбол табдил шудааст?
-
Чаро Фаластин ба тобуиӣ дар футбол табдил шудааст?
Порс-Тудей. ФИФАу бошгоҳҳо мумкинаст ба ҳаводороне, ки ҳамбастагии худ бо Фаластинро эълом мекунанд, муҷозот таҳмил кунанд , аммо ин ҳаводорон ҳастанд, ки ба муқовимат идома медиҳанду виҷдони футболро зинда нигаҳ медоранд .
Лайло ҳомид, рӯзноманигору коршиноси ҳуқуқи варзиш дар матлабе дар вебсайт “Newarab” навишт : Ҳарчи мақомоти футболи бештар талош мекунанд то Фаластинро нодида бигиранд , ҳузури он пуррангтар мешавад . Ба гузориши Порс-Тудей, футболи худро « Бозии зебо » меномад , бозии, ки иддао мекунад ҷаҳонӣ , фарогир ва пешрав аст . Бачаҳои маҳаллаҳои фақири Бразилия ё ҳошияҳои Порис, бо истеъдод ва талош метавонанд на танҳо зиндагии худ , балки зиндагии хониводау ҷомеъашанро дигаргун кунанд .
Футбол беш аз ҳар варзиши дигаре ба ин меболад, ки бозии мардум аст , бозии, ки марзҳои табақотиро дарменавардад ва тасвире аз ҷомеъа дар куллияти он ироа медиҳад . Гоҳе оина мешавад ва гоҳе мотори муҳаррики тағйир . Замини футбол гоҳе ба арсаи сиёсӣ табдил мешавад . Аммо вақте пои як масаъла ба номи Фаластин ба миён меояд , ин воқеият ошкортар мешавад . Бошгоҳҳое, ки дам аз адолату баробарӣ мезананд , ба суръат садои касонеро, ки аз мардуми таҳти наслкушӣ ҳимоят мекунанд , хомӯш месозанд .
Сукути бошгоҳҳои бузург
Дар моҳҳои ахир , бошгоҳҳои бузург ё намодҳои ҳимоят аз Фаластинро масдуд кардаанд , ё дар баробари фарёдҳои ҳаводорон дарбора ҷиноёти Исроил дар Фаластину минтақа , сукути ихтиёр кардаанд .
Чанд ҳафтаи пеш , ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти Исроил ба Ғазза, бошгоҳи “Tottenham Hotspur”, бесару садо, ҳисоби даҳҳо ҳаводори худро на ба далели нафратпароканӣ ё тавҳин балки ба далели интиқод аз изҳороти сариҳи Manor Solomon, бозикуни Исроили “Tottenham”, дар ҳимоят аз артиши Исроил масдуд кард . Инҳо ҳаводорони вафодорe буданд, ки солҳо бо бошгоҳ ҳамроҳ буданд , аммо ба маҳзи ҳимоят аз мазлӯм , канор гузошта шуданд .
“Tottenham” баъдан ба расонаҳо гуфт : Ин масдудсозиҳо дар вокуниш ба пустҳои муртабит бо “даргирӣ дар ғарби Осиё” буда аст . Бо инки бошгоҳ баъдан узрхоҳӣ кард , аммо ин узрхоҳи бештар шабиҳи ҳушдор ба ин маънӣ буд : Ҳимоят аз Фаластин авоқибe дорад .
Дар ҳоле ки ҳисоби ҳаводорони “Tottenham” баста мешуд, Solomon ба иштироки гузоштани паёмҳои ҳимоят аз артиши Исроил – ҳамон артише, ки рӯзона муртакиби ҷиноёти ҷангӣ мешавад , бемористонҳоро вайрон мекунаду қаҳтӣ ба роҳ андохта – идома дод аммо бошгоҳ ҳеҷ вокунише нишон надод , ҳеҷ баррасии анҷоми надод ва ҳеҷ муҷозоте дар кор набуд .
Аъзои тими расонаи диҷитали “Tottenham”, пештар дар ҳисобҳои шахсеии худ аз Натанёҳу ва артиши Исроил ҳимоят карда буданд . Бинобарин вақте масъулон паёмрасонии бошгоҳ бо ишғолгари Исроил ҳамроҳӣ мекунанд , ҷои таъаҷҷуб нест, ки бархе садоҳо тақвият ва бархе дигар ҳазф мешаванд .
“Tottenham” танҳо бошгоҳи шимоли Лондон нест, ки монеъи ҳимояти умумӣ аз Фаластин мешавад . "Arsenal", бошгоҳе бо собиқаи пешраву ҳимояти қавӣ аз ақаллиятҳо , Марк Буник, масъули албасаи 61 солаи худро, пас аз онки, ӯ иқдомоти Исроил дар Ғаззаро « поксозии қавмӣ » номид , ихроҷ кард . Марк пас аз 20 сол хизмат , ба далели ихроҷи ноодилона , аз “Arsenal" шикоят кард .
Дар муқобил , Aлександр Зинчнку, бозикуни “Arsenal", дар авҷи бомбаборони Ғазза паёме дар ҳимоят аз Исроил мунташир кард . ӯ баъдан пустро ҳазфу ҳисобашро хусӯсӣ кард , аммо бошгоҳ ҳеҷ вокунише нишони надод . Бо ин ҳол , вақте твиттҳои қадимии яке аз бунёнгузорони гуруҳи ҳаводорони мусулмони “Arsenal" , ки Исроилро нақд карда буд , ба сӯрати густарда пахш шуд , таҳқиқот аз ӯ оғоз шуд .
Интиқод аз саҳюнизм = ихроҷ аз шуғл
Дар Британиа , ибрози ҳамбастагӣ бо фаластиниёни хатарнок аст ; аммо ҳимоят аз давлате, ки онҳоро бомбаборон мекунад , на!
Ин мумкин аст ба унвони таҳдиди ҷинои таъбир шавад ва ҳатто шуғли шуморо бигирад , ҳамонтур, ки барои Gary Lineker, устураи миллӣ , иттифоқ афтод .
Авоили ин моҳи гузориш шуд, ки BBC мусоҳибаи поёнии Lineker бо Муҳаммад cалоҳ дар барномаи “MOTD” - ро, аз тарси ишораи эҳтимолӣ ба Ғазза лағв кард . Каме баъд Lineker, BBC -ро ба далел “тахаттӣ аз сиёсатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ” ва интиқод аз саҳюнизм тарк кард .
Барномаи Lineker барои бисёре паноҳе буд ки, ранҷи фаластиниёнро ба расмият мешинохт . Бо таътилии он , ин пурсиш матраҳ шуд : Aгар ҳатто фарде бо эътибори Lineker ба хотири баёни ақидааш канор гузошта мешавад , ҳаводори одӣ чи умеде дорад?
Бар асоси гузориши федерасиюни футболи Фаластин , аз октябри 2023 беш аз 375 футболисти фаластинӣ дар Ғазза шаҳид шудаанд . Шумори кули варзишкорони шаҳид аз 700 нафар фаротар рафта аст. Тамоми варзишгоҳҳо бомбаборон шудаанд . Тимҳои ҷавонону миллӣ зери овори мадфӯн шудаанд .
Дар миёни захмиҳо , як ҷавони футболдусту ҳаводори Ливерпул аст, ки пас аз ҳамлаи ҳавои Исроил ба маҳаллааш , ҳар ду поишро аз даст дод . ӯ рӯзе руъёи пайгирии роҳи Муҳаммад Cалоҳро дошт , аммо акнӯн бо ояндае рӯбарӯ аст, ки бо қатъи узви шакли гирифта аст .
ФИФА ҳеҷ адои эҳтироме накарда , ҳеҷ кампине роҳ нияндохта ва ҳатто як дақиқа сукут баргузор накарда аст . На бозӯбанде , на ҳаракате барои ёдбӯд . Фақат сукути сарду идомадор .
Ҳаводорон ҳоло мепурсанад : Oё ин сукути ФИФА амдӣ аст? дар остонаи ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳони 2025 , Ҳусайн Aлшуҳот , бозӣкуни мисрӣ , бо дастбанди « Фаластини озод » зоҳир шуд , аммо тасовири он ба суръат ҳазф шуданд .
Ин иттифоқ тасодуфӣ набӯд . Нигарониҳо замоне бештар шуд, ки зане , худро мудири расонаҳои иҷтимоии ФИФА муаррифӣ мекунад, дар ҳисоби шахсеаш аз Исроил таблиғ мекард , он ҳам дар авҷи ҷиноёти ҷангии Исроил дар Ғазза . ФИФА ҳеҷ тавзеҳе надода аст . Ба назар мерасад ҳазфи дастбанди Aлшуҳот на аз рӯии саҳлингорӣ, ки бахше аз як сиёсат аст .
Кампини дуруғин
Ҷолиб онки, ин фард аз бунёнгузорони ҷунбиш « Her Game Too » аст; кампине, ки иддаои ҳамагонӣ будан дар футболро дорад, аммо вақте ҳаводорон аз он суоле пурседанд , ин кампин ба ҷои посух , онҳоро дар Твиттер масдуд кард . Гуё сукут на фақат дар бошгоҳҳоу федерасиюнҳо , ки дар худ кампинҳои муддаии адолат низ реша давонидааст .
Аммо мо ҳаводорон сукут намекунем . Аз парчамҳои Фаластин дар ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон то варзишгоҳҳои Испания монанди "Rayo Vallecano vs sevilla" , мардуми одӣ нишон медиҳанд, ки ҳамбастагии воқеӣ чигуна аст. Ҳар чи мақомоти футболи бештар талош мекунанд Фаластинро пок кунанд, ҳузураши пуррангтар мешавад .
Ин ҳафта , неруҳои Исроил ҳамсари Абдуллоҳ Шақфаҳ , дарвозабони собиқи тими миллии Фаластинро дар ҳамла ба Aл-Mавосӣ , минтақае, ки оворагон ба он паноҳ бурда буданд , ба шаҳодат расонданд . Онҷо ҳеҷ ҳадаф низомӣ набуд , фақат чодарҳои бепаноҳон буд . Куштани ӯ тасодуфе набуд ; бахше аз кампини систематики нобӯдии фаластиниён астو ва монанди бисёре дигар, марги ӯ ҳам тавассути футболи ҷаҳони нодида гирифта хоҳад шуд .
Агар ин трагедӣ барои хониводаи як бозикун аз кишвари дигар рух медод , тамоми дунёии варзиш ба по мехост. Барномаҳо мутаваққиф мешуд, коршиносони адои эҳтиром мекарданду бошгоҳҳо баёния медоданд. Варзише, ки иддаои дифоъ аз адолатро дорад, наметавонад дар баробари чунин фоҷеъае сукут кунад. Инҳо фоҷиа фардӣ нестанд; нобӯдии ояндаҳо, фурупошии ҷавомеъу маҳви як миллатаст . То замоне ки футболи шуҷоати дифоъ аз зиндагиҳои мисли ӯро пайдо накунад, тамоми усӯлаш пуч хоҳад буд .