Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба нафъи як тоҷик ҳукм элом кард
(last modified Sun, 27 Dec 2020 09:14:19 GMT )
Декабр 27, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар се маврид ҳукми додгоҳҳои Русия алайҳи атбои тоҷикро лағв кардааст
    Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар се маврид ҳукми додгоҳҳои Русия алайҳи атбои тоҷикро лағв кардааст

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз Русия хост бо барқарории дубораи тобеияти як тоҷик ба вай 11 ҳазор евро хисорат низ пардохт кунад.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, дар ҳукми ин додгоҳи аврупоӣ таъкид шудааст, ки мақомоти қазоии Русия ҳангоми лағви тобеъияти Бахтиёр Усмонов муртакиби иштибоҳ шудаанд.

Усмонов ва ҳамсару 4 фарзандаш аз соли 2008 тобеъияти русӣ доштанд, аммо мақомоти қазоии Русия, вайро муттаҳам кардаанд, ки номи бародару хоҳарашро дар пурсишномаи касби тобеъият зикр накардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ин маврид ҳеч таъсир дар раванди дарёфти тобеъияти Русия надорад.

Бо ин ҳол, мақомоти қазоии рус ин тоҷикистониро ба пинҳонкорӣ, додани иттилооти дурӯғ ва талош барои фиреби мақомоти муҳоҷират муттаҳам ва ду сол дар боздоштгоҳи муваққати паноҳандагон нигаҳдорӣ карданд, ки саранҷом вай бо ҳукми додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо озод шуд.

Бар асоси аҳкоми додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар 10 соли ахир дар се маврид ҳукми додгоҳҳои Русия алайҳи атбои Тоҷикистон дар заминаи нақзи қавонини муҳоҷират ва тобеъияти ин кишвар лағв ва ба онон хисорат пардохт шудааст.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД: