Эрон таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди мақомот ва ниҳодҳои эрониро маҳкум кард
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, таҳримҳои ҷадиди зидди бархе мақомот ва ниҳодҳои эрониро маҳкум кард.
Иттиҳодияи Аврупо дирӯз ҷумъа дар ростои иқдомоти хасмона зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаш фард ва се ниҳоди эронӣ аз ҷумла неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва вазири дифоъи Эронро таҳрим кард.
Дар ҳамин росто ва ба гузориши родиёи тоҷикии Садои Хуросон, Носир Канъонӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз шанбе гуфт: Иттиҳодия Аврупо, ки дар моҳҳои гузашта дар хусуси наҳваи мувоҷиҳа бо фоҷеаи инсонӣ дар борикаи Ғазза ва Фаластин дучори беамалӣ буда, ба ҷойи тамаркуз бар ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва танбеҳ ва таҳрими ин режими ҷинояткор, бархе мақомот ва ниҳодҳои эронии пешрав ва муассир дар муқобила бо терроризм ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаро дар рӯйхати таҳримҳои худ қарор додааст.
Канъонӣ афзуд: Ҷой таассуф аст, ки Иттиҳодияи Аврупо бо тавассул ба баҳонаҳо ва иттиҳомоти такрорӣ, пуч ва беасос ва бо чашмпушӣ аз воқеиёти майдонии ғарби Осиё ва дар идомаи рӯйкарди шикастхӯрда ва нокоромади худ, бори дигар ба абзори мансух ва нокоромади таҳрим зидди Эрони муқтадир рӯй оварда ва таъмини ризояти режими саҳюнистӣ ва Амрикоро бар манофеъи Иттиҳодия ва миллатҳои Аврупо тарҷеҳ додааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо таъкид бар идомаи сиёсатҳои усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон бавежа дар таъмини сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва интиқоди шадид аз рафтоҳои дугонаи Иттиҳодияи Аврупо, тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаққи худро барои посух ба ин рӯйкарди мухарриби Иттиҳодияи Аврупо маҳфуз медонад.