Парвозҳо аз Душанбе ба Дубай ва Истанбул афзоиш меёбад
(last modified Mon, 28 Dec 2020 14:55:42 GMT )
Декабр 28, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳои муназзами Тоҷикистон бо Чин, Русия ва Ӯзбакистон ҳанӯз ҳал нашудааст
    Азсаргирии парвозҳои муназзами Тоҷикистон бо Чин, Русия ва Ӯзбакистон ҳанӯз ҳал нашудааст

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои афзоиши парвозҳо аз Душанбе ба Дубайи Иморот ва Истанбули Туркия муҷаввизи мақомоти расмии тоҷикро дарёфт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бо иҷозаи Ситоди марказии мубориза бо коронаи Тоҷикистон, дар масири Душанбе – Дубай – Душанбе ва Душанбе – Истанбул – Душанбе, ки пеш аз ин ҳафтае як парвоз анҷом мегирифт, аз ин ба баъд 4 парвоз барқарор хоҳад шуд.

Ба ин тартиб, дар масири Душанбеву Дубай ҳар як аз ширкатҳои ҳавопаймоии «Флай Дубай» ва «Сомон Эйр» ҳафтае 2 бор ва дар масири Душанбеву Истанбул ширкатҳои «Туркиш Эйрлайнс» ва «Сомон Эйр» ҳафтае 4 бор парвоз хоҳанд дошт.

Тасмим ба коҳиши парвозҳо дар масири Душанбе ба Дубай ва Истанбул барои ҷилавгирӣ аз густариши мавҷи дувуми корона гирифта шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи азсаргирии парвозҳои муназзами Тоҷикистон бо Чин, Русия ва Ӯзбакистон то кунун ҳал нашудааст.

 

Бештар бихонед: