Декабр 28, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Бо тақсимбандӣ кардани пули шартнома метавон ба идомаи таҳсили донишҷӯён кумак кард
    Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Бо тақсимбандӣ кардани пули шартнома метавон ба идомаи таҳсили донишҷӯён кумак кард

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълом кард, ки шикояти донишҷӯёни таҳдид ба ихроҷшуда ба хотири нотавонӣ дар пардохти пули шартнома (шаҳрия) -и донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳои ин кишварро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, мақомоти ин хадамот гуфтаанд, ки шикояти теъдоди зиёде аз донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дар мавриди таҳдид ба ихроҷи ин афрод ба далели нотавонӣ дар пардохти шартномаро баррасӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки бо тақсимбандӣ кардани ин пули шартнома метавон шароити идомаи таҳсили ин донишҷӯёнро фароҳам кард.

Ахиран теъдоди зиёде аз донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ки ба далели нотавонӣ дар пардохти шаҳрияи соли таҳсилӣ аз ширкат дар имтиҳонот маҳрум шудаву дар остонаи ихроҷ қарор гирифтаанд.

Шартномаи як соли таҳсилӣ дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб барои ҳар донишҷӯ 2 ҳазору 400 сомонӣ аст, ки ба далели густариши вируси корона ва коҳиши даромади ирсолии волидайн аз Русия акнун пардохти ин ҳазина ғайримумкин шудааст.

Дар марказҳои донишгоҳӣ ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон 277 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки 166 ҳазор нафар аз онон бояд шаҳрия пардохт кунанд ва бар асоси қарордоди дуҷониба дар сурати пардохт нашудани шаҳрия мудирияти донишгоҳҳо метавонанд донишҷӯёни қарздорро ихроҷ кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп