Ҳамкории ниҳодҳои зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Туркия
Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия дар Душанбе масоили марбут ба ҳамкории ниҳодҳои зиддиинҳисори ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Абдулмаҷид Муъминзода-раис Хадамоти зиддиинҳисории вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омут Аҷар-сафири Туркия дар ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Тайи ин дидор дар мавриди иҷрои қонуни зиддиинҳисорӣдар Тоҷикистон ва таҷрибаи Анқара дар ин замина баҳсу табодули назар сурат гирифт.
Ду тараф дар хусуси ҳамкории ниҳодҳои зиддиинҳисори Тоҷикистон ва Туркия гуфтугӯ карданд ва имзои ёддошти тафоҳум байн ниҳодҳои дахлдори ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ояндаро муносиб донистанд.
Дар бахши дигар тарафҳо табодули таҷрибаҳо дар заминаи фаъолияти ниҳодҳои зиддиинҳисории ду кишвар дар ростои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар ин заминаро муҳим хонданд