Бахши дувуми роҳи Обигарм ба Нурободро чиниҳо ме‌созанд
(last modified Tue, 29 Dec 2020 17:14:50 GMT )
Декабр 29, 2020 22:14 Asia/Dushanbe
  • Созишномаи сохти марҳалаи дувуми роҳи Обигарм ба Нуробод бо як ширкати чинӣ дар Душанбе имзо шуд
    Созишномаи сохти марҳалаи дувуми роҳи Обигарм ба Нуробод бо як ширкати чинӣ дар Душанбе имзо шуд

Вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва намояндаи як ширкати чинӣ созишномаи сохти марҳалаи дувуми роҳи Обигарм ба Нурободро имзо карданд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Азим Иброҳим ва Гуо Бохана, намояндаи ширкати чинии “Zhejiang Communication Constraction group” бо имзои ин тавофуқнома заминаи оғози сохти марҳалаи дувуми роҳи байни шаҳраки Обигарм аз маҳалли сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то маркази ноҳияи Нурободро фароҳам карданд.

Муддати иҷрои ин тарҳ 40 моҳ таъйин шудааст, ки шомили сохти 5 пули иртиботии ҷадид, кандани ду туннел дар кӯҳистон ба тӯли 3 километр ва бозсозии як пули қадимӣ мешавад.

Бо сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” теъдоде аз рустоҳову роҳҳои иртиботӣ дар ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон зери об меравад ва бояд сокинони ин манотиқ ба маконҳои дигар кӯч дода ва ҳаракати васоили нақлияву  мусофирон аз масирҳои нав анҷом шавад.

Вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ширкати чинии муҷрии ин тарҳ ба тааҳҳудоти хеш барои сохти ин роҳи муҳим дар муддати таъйиншуда амал хоҳад кард. Зеро шохаи нахусти ин роҳ пас аз ноҳияи Нуробод то марзи Қирғизистон ва шохаи дигари он ба вилояти Бадахшон ва марзи Чин муттасил хоҳад шуд.

Бонки Рушди Осиё барои сохти ин роҳ 110 миллион доллар ихтисос додааст.

 

Бештар бихонед: