Сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 04 Aug 2024 09:25:35 GMT )
Август 04, 2024 14:25 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон

Давлати Кореяи Ҷанубӣ дар ростои пешбурди тарҳи ҷадиди «Ҷодаи Абрешим Кореяи Ҷанубӣ - Осиёи Миёна» тасмим дорад, ки дар тавсеаи тарҳи рейлии «Тоҷикистон-Афғонистон» сармоягузорӣ кунад.

Ба гузоришии ИРНА, давлати Тоҷикистон тасмим дорад, ки бо ҳимояти Кореяи Ҷанубӣ тарҳи рейлии «Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон» (TAT)-ро, ки дар 15 хурдоди 1392, калид хӯрд, аммо ба далели вазъияти нобасомони Афғонистон ва камбуди буҷаи молӣ мутаваққиф шуда будро дубора ба ҷараён биандозад.

Дар ҳамин росто, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамроҳии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи ин кишвар бо сарпарасти сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе, дидор ва тарафайн бар сармоягузории Сеул барои тавсеаи масири рейлии «Тоҷикистон-Афғонистон» тавофуқ карданд.

Масири рейлии «Тоҷикистон-Афғонистон» бахше аз тарҳи рейлии «Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон» (TAT) аст, ки дар дидори русои ҷумҳурии Туркманистон ва Тоҷикистон бо раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон дар 30 исфанд 1391дар Ашқобод, имзо шуд ва бар иттисоли Афғонистон ва Туркманистон ва панҷ шаҳри Тоҷикистон мутамаркиз аст.