Замони вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия ҳамчунон мушаххас нест
(last modified Wed, 30 Dec 2020 09:21:44 GMT )
Декабр 30, 2020 14:21 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки Маскав дар бораи бозгашти донишҷӯёни хориҷӣ ҳанӯз тасмим нагирифтааст
    Сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки Маскав дар бораи бозгашти донишҷӯёни хориҷӣ ҳанӯз тасмим нагирифтааст

Сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки замони дақиқи вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия ҳанӯз ҳам мушаххас нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Имомиддин Сатторов гуфтааст, ки дар ин замина бо вазоратхонаҳои марбутаи Русия дар иртибот асту хабари муҷоз шудани вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русияро интизор мекашад. Аммо феълан дар ин маврид Маскав тасмим гӣрӣ накардааст.

 
Сатторов афзуд : «Дар ҳоли ҳозир  ҳазор нафар донишҷӯи соли аввал ва 4 ҳазор нафар донишҷӯёни солҳои баъдии тоҷик наметавонанд ба далели густариши вируси корона ва баста будани марзҳо дар донишгоҳҳои маҳалли таҳсили хеш ҳозир шаванд, ки мӯҷиби нигаронӣ аст. Аз ин рӯ ба ғайр аз фарогирии омӯзиш аз роҳи дур чораи дигаре нест. Ҳарчанд, ки кайфияти омӯзиш шояд матлуб набошад, суръати поини интернет ва мушкилоти дигар ҳам вуҷуди дорад.»

Ин дар ҳолест, ки Валерий Фальков  вазири маориф ва улуми Русия гуфтааст, ки бояд донишгоҳҳои Русия ба далели густариши вируси корона ба донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон иҷозат диҳанд, ки дипломҳои худро аз роҳи дур дифо кунанд.

Вай бар зарурати идомаи омӯзиш барои бақияи донишҷӯён аз роҳи дур таъкид кардааст.

 

Бештар бихонед: