Шиносоии 31 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 30 Dec 2020 17:21:40 GMT )
Декабр 30, 2020 22:21 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Тоҷикистон ҳамон 90 нафари қабл аст
    Шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Тоҷикистон ҳамон 90 нафари қабл аст

Бо шиносоии 31 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 13 ҳазору 296 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар ин кишвар низ то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 30 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 13 ҳазору 296 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 799 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 36 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: