Декабр 30, 2020 22:45 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон ва Мирзиёев бар ҳамкориҳои мутақобили Тоҷикистону Ӯзбакистон таъкид карданд
    Раҳмон ва Мирзиёев бар ҳамкориҳои мутақобили Тоҷикистону Ӯзбакистон таъкид карданд

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар гуфтугӯи телефонӣ масоили рӯзи дуҷонибаву минтақаиро баррасӣ ва роҳкорҳое барои таҳкими равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарокати роҳбурдӣ таъйин карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин гуфтугӯ дар мавриди густариши беш аз пеши ҳамкориҳои амалӣ монанди афзоиши мубодилоти бозаргонӣ, пешбурди тарҳҳои муштараки таовунӣ ва тавсеаи табодулоти байниминтақаӣ ва фарҳангӣ тавофуқ карданд.

Раҳмон ва Мирзиёев бар ҳамкориҳои мутақобили Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар заминаҳои таъмини суботу амният, муқобила бо ситезаҷӯиҳову таҳдидоти рӯз низ таъкид карданд.

 Мирзиёев ҳамчунин барои Раҳмон дар раёсати Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2021 мелодӣ орзӯи муваффақият кард.

Ҳамакнун дар Ӯзбакистон 24 ширкат бо ҳузури сармоягузорони тоҷик ва дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармоягузории Ӯзбакистон фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп