Пешниҳод ба мухолифони сиёсии тоҷик: ибрози пушаймонӣ кунед то афв шавед
(last modified Thu, 31 Dec 2020 06:12:31 GMT )
Декабр 31, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Дар солҳои ахир ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди тоҷик аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд
    Дар солҳои ахир ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди тоҷик аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд

Мақомоти қазоии Тоҷикистон ба теъдоде аз мухолифони сиёсии ин кишвар дар хориҷ пешниҳод кардаанд, ки бо ирсоли паёмҳои тасвирӣ ва ибрози пушаймонӣ аз корҳои хеш ба кишвар баргарданд, ки мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, аз ин афрод дархост шудааст, ки баргаи махсусеро пур кунанд ва бо ибрози пушаймонӣ аз корҳои хеш аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархости афв намоянд.

Пас аз кушта шудани Умаралӣ Қувватов, раиси гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24” дар баҳори соли 2015 дар Истанбули Туркия ва мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар тирамоҳи ҳамон сол, ки бо боздошт ва зиндонӣ кардани теъдоди зиёде аз мақомоту аъзои ин ҳизб ҳамроҳ буд, мавҷи муҳоҷирати мухолифони сиёсии ҳукумат ба Аврупо оғоз шуд.

Гуфта мешавад, ки наздик ба 5 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон дар ин солҳо аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагии сиёсӣ кардаанд.

Ҳамчунин мақомоти қазоии Тоҷикистон 3 ҳазор нафар аз атбои ин кишварро ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таҳти таъқиб қарор додаанд.

Аз дидгоҳи коршиносони мавзӯ, бозгашт ва мавриди афв қарор гирифтани мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба кишварашон бастагӣ ба эътимоди ду ҷониба хоҳад дошт, ки феълан бо шаку тардидҳои зиёде ҳамроҳ мебошад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: