Зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон паноҳҷӯёнро бо кор таъмин кард
(last modified Sun, 16 Jun 2024 14:52:55 GMT )
Июн 16, 2024 19:52 Asia/Dushanbe
  • Соро Ҳакимӣ, бонуи афғонистонӣ
    Соро Ҳакимӣ, бонуи афғонистонӣ

Соро Ҳакимӣ, як зани афғонистонии 39-солаест, ки дар шаҳри Ваҳдат қаҳвахонаеро бо номи “Баҳористон” боз карда, чанд муҳоҷир ё паноҳанда аз Афғонистонро бо ҷои кор таъмин кардааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, ӯ соли 2021, баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон,  ҳамчун паноҳанда ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ ихтиёр кард.

Вақте тоза ба Тоҷикистон омад, намедонист, ки чӣ кор кунад ва чӣ тавр рӯзӣ пайдо кунад. Аввалҳо дар хона як навъи самбӯса, ки дар Афғонистон булонӣ мегӯянд, мепухту дар маркази шаҳри Ваҳдат мефурӯхт. Ҳамакнун се моҳ мешавад, ки қаҳвахонаеро бо номи “Баҳористон” боз кардааст.

Бояд гуфт, фаъолияти ин бонуи афғонистонӣ як намуди соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки интизор меравад дар Тоҷикистон бо ин ном қонуне қабул гардад. Мувофиқи лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод гардидааст, муҳоҷирон низ ба қишри осебпазири ҷомеа дохил мешаванд ва фаъолияти Соро Ҳакимӣ, ки барои чанд муҳоҷири афғонистонӣ ҷои кор фароҳам кардаасту маош медиҳад, соҳибкории иҷтимоӣ ҳисобида мешавад.

Дар Тоҷикистон бештари паноҳандагони афғонистонӣ шуғле доранд. Бештари мардони онҳо маъмулан дар сохтмон кору фаъолият мекунанд, занон аксаран дар бозор ва растаҳои фурӯш ба мушоҳида мерасанд.