"20 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба ваксинаи корона ниёз дорад"
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки 20 дарсад аз ҷамъияти наздик ба 9.5 миллионии ин кишвар ниёз ба тазриқи ваксинаи корона дорад.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Ҷамолиддин Абдуллозода бо ишора ба оғози тазриқи ваксинаи корона дар теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон гуфт: «пешниҳоди Душанбе дар ин замина ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт фиристода шудааст.»
Абдуллозода авлавияти дарёфти ваксинаи Ковид 19-ро бо кормандони бахши тандурустӣ, маорифу илм, афроди болои 50 сол ва афроди гирифтори бемориҳои музмини ғайривогир эълом кард.
Ба гуфтаи вай, барои хариди ваксинаи корона Созмони ҷаҳонии беҳдошт 3 миллиондоллар кумаки ройгон ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ 5 миллиондоллар ба Тоҷикистони ихтисос хоҳанд дод.
Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид кардааст, ки барномаи тазриқи ваксина дар Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷро хоҳад шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Таклифи Тоҷикистон барои хариди ваксинаи русии корона мушаххас нест
- Ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи тавзеи ноодилонаи ваксинаи корона
- Ваксинаи эронии корона токунӯн ҳеч вокуниши манфӣ надоштааст