Январ 04, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Соли 2020 маоши ҳадди ақали моҳона дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил дод
    Соли 2020 маоши ҳадди ақали моҳона дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил дод

Агентии давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар мизони маош ва дастмуздҳо тайи даҳ моҳи соли 2020-ро эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , дар поёни моҳи октябри соли 2020 эълом шуд, ки дар Тоҷикистон болотарин мизони маош ва дастмузди моҳиёна ба кормандони банкҳо ва поинтарини он ба кишоварзон пардохт мешавад. 
 

 
Дар 10 моҳи соли 2020 кормандони банкҳо ва ниҳодҳои молӣ бо 3 ҳазору 598 сомонӣ баландтарин маоши моҳиёнаро дарёфт кардаанд.

Аммо кишоварзон, муҳитбонон ва коргарони бахши моҳидорӣ моҳиёнаи 623 сомонӣ маош дарёфт мекунанд, ки поинтарин мизони маош ва дастмузд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Маоши моҳиёнаи коргарони бахши маъдан 2 ҳазору 631 сомонӣ, сохтимонсозӣ 2 ҳазору 453 сомонӣу энергетика ва об 2 ҳазору 326 сомониро ташкил мекунад.

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш маоши миёнаи моҳиёна дар Тоҷикистони ҳазору 661 сомонӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 музди миёнаи моҳона дар Тоҷикистон бо назардошти болоравии нархҳо ва таваррум аз 1,8 то 2,7% афзоиш хоҳад ёфт, аммо ҳадди ақали музди моҳона дар кишвар 400 сомонӣ эълон шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп