Сабти дубораи симкортҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
Ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, сабти дубораи тамоми симкортҳои телефонҳои ҳамроҳи шаҳрвандони ин кишварро оғоз карданд.
Ба гузориши сойти Toptj, раванди сабти дубораи симкортҳои телефонҳои ҳамроҳи шаҳрвандон дар Тоҷикистон, то моҳи апрели соли оянда- 2017 идома хоҳад ёфт .
Ин дар ҳоле аст, ки Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар авохири соли 2015 гуфта буд, ки ба далели истифодаи гурӯҳи Толибон аз симкортҳои телефони ҳамроҳи ин кишвар дар манотиқи марзии муштараки ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон, зарурати сабти дубораи 7 миллион симкорт вуҷуд дорад. Вай муддаи шуда буд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз ин симкортҳо истифода мекунанд, ки ин мавзӯ, таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти миллии ин ҷумҳурӣ ба ҳисоб меояд .
Аммо масъулини бархе аз ширкатҳои телефони ҳамроҳ таъкид мекунанд, ки ба далели афзоиши тарофаҳои ирсоли паёмак, нархи муколама бо хориҷ аз Тоҷикистон, акнун бояд симкортҳои телефони ҳамроҳи шаҳрвандони ин кишвар дубора сабт шавад.