Январ 12, 2021 19:33 Asia/Dushanbe
  • Шодӣ Шабдалов мегӯяд, ки роҳи ҳалли камбуди барқ ​​дар Осиёи Марказӣ ин пайвастани шабакаи барқи ин минтақа ба Русия аст
    Шодӣ Шабдалов мегӯяд, ки роҳи ҳалли камбуди барқ ​​дар Осиёи Марказӣ ин пайвастани шабакаи барқи ин минтақа ба Русия аст

Шахсияти сиёсии тоҷик ва коршиноси умури энержӣ мӯътақид аст, ки ҳатто ба баҳрабардорӣ расидани нерӯгоҳи барқи обии Роғун мушкили норасоии барқро дар ин кишвар ҳал намекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст: «Бо тавваҷӯҳ ба нархи болои рушди ҷамъияти Тоҷикистон, сохти корхонаҳои ҷадиди саноатӣ, тӯлонӣ будани замони баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи Роғун ва сохти нерӯгоҳҳои кӯчак, дар солҳои наздик наметавон ба буҳрони камбуди барқ дар кишвар поён дод.»

 

Вай меафзояд: «Акнун камбуди барқ на танҳо дар Тоҷикистон, балки Ӯзбакистон ва Қирғизистон низ эҳсос мешавад ва дар ояндаи наздик Русия ва Қазоқистон низ бо ин мушкил рӯ ба  рӯ хоҳанд шуд. Ба ин далел танҳо роҳи ҳалли мантиқии бӯҳрони камбуди барқ, пайвастани шабакаҳои барқи кишварҳои Осиёи марказӣ бо Русия аст, ки метавонад дар фаслҳои зимистон ва тобистон камбуди барқро ҷуброн кунад.»

 

Ин дар ҳолест, ки Банки ҷаҳонӣ низ ба кишварҳои Осиёи марказӣ тавсия кардааст, ки мавзӯи ҳамгароӣ дар заминаи тавзеъи барқро ҷиддӣ бигиранд ва дабирхонаи вижа барои баррасии наҳваи васл шудани шабакаҳои барқ дар минтақа таъсис кунанд.

Ба далели бӯҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон, манотиқи рустоии ин кишвар аз рӯзи 6 январ танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранду дар бақияи соатҳо маҳдудият барқарор мешавад.

Ба таври ҳамзамон дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон низ акнун маҳдудияти барқ ба далели камбуди энержӣ оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп