6 миллиард сомонӣ барои пардохти маошу дастмуздҳо дар соли 2021
Дар буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 пардохти 6 миллиарду 34 миллион сомонӣ ба унвони маошу дастмуздҳо барномарезӣ шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто , вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2021 пардохти маблағи 6 миллиарду 34 миллион барои маошу дастмуздҳо пешбинишуда, ки дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 701 миллион сомонӣ афзоиш ёфта аст.Ин дар ҳоле аст, ки мизони маошу дастмуздҳои ақибафтода дар Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2020 ба 60 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ( муодили 5 миллиону 800 ҳазор доллар ) ва бо дар назар гирифтани солҳои қабл ба 72 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расида аст.
Ҳамчунин бар асоси ин гузориш маоши миёна дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳазору 661 сомонӣ мебошад.
Дар соли 2020 мизони ҳаддиақали маошу дастмузди моҳиёна дар Тоҷикистон 400 сомонӣ эълом шуд.
Болотрину поинтарин мизони маошу дастмуздҳо дар Тоҷикистон дар соли 2020
Тоҷикистон байни 10 кишвари узви Ҷомеъаи ҳамсуд бо 145 доллар маоши моҳиёнаи шаҳрвандонаш дар поинтарин рада қарор гирифта аст.
Ин шохис дар Русия 730 доллар , Беларус 518 доллар , Қазоқистон 480 доллар ва Қирғизистон 239 доллар аст.
Бештар бихонед: