Ширкати вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши тавсеаи ОПЕК дар Вена
(last modified Sun, 30 Jun 2024 12:58:23 GMT )
Июн 30, 2024 17:58 Asia/Dushanbe
  • Ширкати вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши тавсеаи ОПЕК дар Вена

Вазири молияи Тоҷикистон дар ҳамоиши тавсеаи ОПЕК дар Вена ширкат кард.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 25 июн дар шаҳри Вена дар ҳамоиши тавсеаи ОПЕК таҳти унвони “иртиқои субот ва баробарӣ” ширкат кард. Дар ин ҳамоиш мурӯре бар фаъолиятҳои Сандӯқи Опек дар ростои тавсеаи пойдор ироа шуд. Қаҳҳорзода дар сеюмин бахши ин ҳамоиш, ки ба мавзӯи “ҳимоят аз манобеи инсонӣ” ихтисос дошт, дидгоҳи худро дар мавриди аҳаммияти тавсеаи сармояи инсонӣ дар иртиқои тавсеаи иқтисоди пойдор баён кард.