Январ 16, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 350 ҳазор гардишгари хориҷӣ порсол аз Тоҷикистон боздид карданд
    Беш аз 350 ҳазор гардишгари хориҷӣ порсол аз Тоҷикистон боздид карданд

Боздиди гардишгарони хориҷӣ аз Тоҷикистон дар як соли гузаштаи милодӣ дар муқоиса бо соли 2019 ҳудӯди 28 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, беш аз 350 ҳазор гардишгари хориҷӣ порсол аз Тоҷикистон боздид карданд, ки ин омор нишон медиҳад, густариши вируси корона ва баста шудани марзҳо вурӯди гардишгарони хориҷиро ба ин кишвар 27.8 дарсад коҳиш додааст.

332 ҳазор нафар аз гардишгарони хориҷӣ, ки дар соли 2020 аз Тоҷикистон боздид карданд, аз кишварҳои ИДМ ва 18.5 ҳазор нафари дигар аз соири кишварҳо буданд.

Ӯзбекстониҳо, русҳо, қирғизистониҳо, қазоқистониҳо, афғонистониҳо, чиниҳо, ҳиндиҳо, эронӣҳо ва амрикоиҳо ба тартиб бештари мусофирони Тоҷикистонро ташкил додаанд.

Ин коҳиши мусофир дар ҳоле аст, ки теъдоди ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта бо 54 воҳид афзоиш ба 215 ширкат расидааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп